Тандурустӣ (Gesundheit)

Муроҷиат ба духтур / ёрии таъҷилӣ

Бемор шудед? Бо гирифтани маълумотнома (Bescheinigung) аз Дафтари Ҳифзи Иҷтимоӣ (Sozialamt) (кормандони мутасаддӣ: Herr Tollnik ,Frau Nachtigall, ...) ба духтури умумӣ ё духтури дандон, офтальмолог ё гинеколог муроҷиат кардан мумкин аст. Ғайр аз ин, шумо метавонед инро бо корти суғуртаи тиббии (Krankenkassenkarte) AOK низ анҷом диҳед. Барои дарёфти корти суғурта метавон аз тариқи Идораи Ҳифзи Иҷтимоӣ (Sozialamt) иқдом намуд. Барои муроҷиат ба мутахассисон, монанди ортопедҳо, ҷарроҳон ва ғайра бошад, ба шумо роҳхат (Überweisung) аз духтури умумӣ лозим аст ва шумо бояд аввал назди духтури умумӣ (allgemeinen Arzt) равед.

Дар ҳолатҳои фавқулодда, метавон бегоҳирӯзӣ ё рӯзҳои охири ҳафта ба шуъбаи ёрии таъҷилии беморхонаҳо (Notaufnahme) муроҷиат кард.

Беморхонаҳои наздик:

  • Беморхонаи Evangelisches Krankenhaus Hattingen gGmbH
    Bredenscheider Str. 54, 45525 Hattingen
  • Беморхонаи Helios Klinikum Schwelm
    Dr.-Moeller-Str. 15, 58332 Schwelm 

Дар ҳолатҳои фавқулодда ва изтирорӣ, лутфан ба хадамоти ёрии таъҷилӣ занг занед: 112 (зангҳо ройгон буда, кредити телефони мобилӣ талаб карда намешавад). 

Зангҳои фавқулодда (Notruf)

Полис: 110

Идораи оташнишонӣ: 112

Хадамоти ёрии таъҷилӣ: 112

 

Чигунагии занги таъҷилӣ (Notruf)

  1. Кӣ занг мезанад? Номи шумо чист?
  2. Дар куҷо ин воқеа рӯй дод? Мушкили шумо чи аст? Шумо куҷо қарор доред?
  3. Чӣ шуд? Мушкил чист?
  4. Чанд нафар захмӣ онҷо ҳаст? Нафар захмӣ чӣ намуд ҷароҳатҳо доранд?
  5. Барои саволҳои иловагӣ интизор шавед.

 

Рӯйхати духтурон дар шаҳри Sprockhövel

Рӯйхати духтурон

Рӯйхати духтуроне, ки масалан забони арабӣ, англисӣ, фаронсавӣ, форсӣ, русӣ ё туркиро медонанд

Рӯйхати духтуроне (, ки забонҳои хориҷиро медонанд)

 

Супоридани хун (Blutspenden)

Вақтҳои супурдани хунро дар ин ҷо пайдо кардан мумкин аст.

 

Дастури саломатӣ (Ratgeber Gesundheit) барои паноҳҷӯён дар Олмон

Дастури саломатӣ барои паноҳҷӯён дар Олмон

 

Informationen zum Impfen

Маълумот дар бораи эмкунӣ ё ваксина (Impfen)

Маълумот дар бораи эмкунӣ

 

 

Роҳнамои мулоқот бо табибон (Arztgespräch)

Кӯмак барои машварату мулоқоти духтур

 

Тасвирҳо барои машварати духтури дандон (Zahnarztbesuch)

TipDoc - варақаҳои таърихи беморӣ / саволномаҳо бо маълумоти беморон ба забонҳои: албани, амҳарӣ, арабӣ, чинӣ, англисӣ, форсӣ, фаронсавӣ, юнонӣ, итолиёвӣ, курдӣ, пашту, русӣ, сербӣ, сомолӣ, испанӣ, тигринӣ, туркӣ, урду

 

TipDoc - Нақшаҳои терапия ба забонҳои: англисӣ, фаронсавӣ, итолиёвӣ, португалӣ, русӣ, испанӣ, туркӣ | Чинӣ, англисӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, кореягӣ, ветнамӣ | Албания, Булғория, Англис, Руминия, Сербия | Амҳарикӣ, англисӣ, фаронсавӣ, Сомалӣ, Тигриния | Арабӣ, англисӣ, форсӣ, курдӣ, пашту, урду

 

Луғатномаҳои тасвирии мувофиқро барои TipDoc метавонед аз Идораи Ҳифзи Иҷтимоӣ (Sozialamt ) қарз гиред.

 

Саломати ҷисмонӣ ва таълимоту равшаниандозиҳо

Zanzu – Аъзои бадани ман бо калимаҳо ва тасвирҳо

 

Amyna - маълумот барои навҷавонон

 

 

 

Маводи иттилоотӣ оид ба тандурустӣ

https://www.migration-gesundheit.bund.de/de/publikationen/deutsch/