Роҳкорҳои ибтидоӣ барои паноҳҷӯён (Erstorientierung)

BAMF - Маълумоти муҳим барои гузариш ва тартиби дарёфти паноҳандагӣ дар Олмон (Октябр 2015)

Ин варақаи иттилоотӣ ба паноҳҷӯён кӯмак мекунад, ки қадамҳои аввалини худро дар ҳаёти Олмон гузоранд, алахусус нисбати иҷрои дастурҳои мақомоти давлатӣ. Ин ягона роҳи оғози зудҳангоми парвандаи паноҳандагӣ аст. Шахс дар Олмон ояндае нахоҳад дошт, агар расман талаби паноҳандагӣ нанамуда, ҳамчун паноҳанда вориди кишвар нагардад ва ё ҳамчун шахси паноҳҷӯ эътироф карда нашавад.

Қадами 1. Сабти ном дар ниҳоди давлатӣ

Пас аз расидан ба Олмон худро дар ягон идораи давлатӣ ба монанди полис сабти ном намоед. Дар он ҷо фаҳмонед, ки мехоҳед талаби паноҳандагӣ намоед (Asylantrag). Лутфан дастурҳои масъулинро дуруст иҷро кунед. Онҳо шуморо дар фурсати наздик дар ягон иншооти қабули паноҳандагон (Aufnahmeeinrichtung) ҷобаҷо мекунанд. Агар шумо пас аз расидан ба Олмон худро сабти ном накунед, будубоши шумо дар Олмон ғайриқонунӣ буда, хавфи ихроҷ шудан вуҷуд дорад.

BAMF - Шарҳи муфассали парвандаи паноҳандагӣ (Asylverfahren) дар Олмон (Август 2015)

Тартиби талаб намудан ва рафти парвандаи паноҳандагӣ дар Олмон

Шарҳи мафҳум ва марҳилаҳои алоҳидаи мурофиавӣ ва заминаҳои ҳуқуқӣ

"Паноҳанда" (Flüchtling) кист?

Дар ҳаёти рӯзмара мафҳуми "паноҳанда" одатан ҳамчун муродифи калимаи гуреза истифода мешавад - аммо он, бар асоси қонуни паноҳандагӣ, танҳо паноҳандагони эътирофшударо тибқи Конвенсияи Женева оид ба гурезагон дар бар мегирад: инҳо (Flüchtling) шахсоне мебошанд, ки пас аз ба итмом расонидани парвандаи паноҳандагиашон ҳимояти паноҳандагӣ (Flüchtlingsschutz) мегиранд. Ба таври куллӣ се навъи ҳимояти паноҳандагӣ мавҷуд аст, ки тибқи онҳо ба гурезагон ҳимояти паноҳандагӣ дода мешавад. Идораи Федералии Муҳоҷират ҳамчун мақоми салоҳиятдор оид ба татбиқи қонуни паноҳандагӣ масулияти ташхису гурӯҳбандии шахсони зеринро бар ӯҳда дорад:

Паноҳҷӯён (Asylsuchende): шахсоне, ки қасди талаби паноҳандагӣ доранд, аммо то ҳол дар Идораи Федералӣ ҳамчун паноҳҷӯй сабти ном нашудаанд.

Дархосткунандагони паноҳандагӣ (Asylantragstellende): Паноҳҷӯёне, ки ҳоло тартиби паноҳандагиро аз сар мегузаронанд ва тартиби ниҳоии онҳо ҳанӯз муайян нашудааст.

Паноҳандагон ва Дорандагони ҳуқуқи будубош (Schutzberechtigte, Bleibeberechtigte): шахсоне, ки ҳуқуқи дарёфти паноҳандагӣ, ҳимояти паноҳандагӣ (Flüchtlingsschutz) ё ҳимояти башардӯстона (subsidiären Schutz) доранд ва ё бо сабаби доштани статуси манъи депортатсия (Abschiebungsverbot) иҷозати будубош дар Олмонро дарёфт намудаанд.

Шабакаи иттилооти паноҳандагӣ ва муҳоҷират – тартиби мусоҳибаи паноҳандагӣ (Anhörung) (Нашри 3-ум 2015)

Филми иттилоотӣ - мусоҳибаи паноҳандагӣ (Anhörung)

Филми иттилоотӣ - Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои паноҳҷӯён дар парвандаи паноҳандагӣ(Asylverfahren)  (июни 2017)

Брошюраи иловагӣ барои филми иттилоотӣ (июни 2017)

Варақаи иттилоотӣ - мусоҳибаи паноҳандагӣ (июл 2016)

Барномаи (App) "Ankommen" Android

Барномаи (App) "Ankommen" IOS

 

Сарсухан

Ҳуқуқи ҳимояти паноҳандагӣ падидаест, ки дар конститутсияи Олмон дарҷ гардида аст. Шахсоне, ки аз таҳдиди хатари зӯроварӣ, ҷанг ва террор аз дигар гӯшаҳои ҷаҳон фирор мекунанд, бояд дар ин кишвар муҳофизат пайдо кунанд.

Бо омадан ба Олмон, пас аз солҳо тарсу таҳдид гурезагон худро ба маконе амн мерасонанд. Аммо то қабули охирон қарори паноҳандагӣ ҳанӯз муайян нест, ки онҳо ва оилаҳояшон дар Олмон ба таври доимӣ кору зиндагӣ карда метавонанд, ё не.

Баррасии дархостҳои паноҳандагӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини Идораи Федералии Муҳоҷирати Олмон (BAMF) ба ҳисоб меравад. Ин як вазифаи масъулиятнок ва мураккаб мебошад, зеро қарорҳо оиди сарнавишти одамон бо назардошти доираи васеи масъулият ва принсипҳои ҳуқуқӣ ва бо риояи тартиботи мураккаб қабул карда мешаванд.

Тасмимгирандагони Мақомоти федералии Муҳоҷират омзӯиши ҳар як парвандаро ба таври алоҳида ва бар асоси салоҳиятҳои касбӣ ва таҷрибаи бойи худ баҳогузорӣ мекунанд, ки оё дархости паноҳандагии (Asylantrag) шахси паноҳҷӯ пурра асоснок аст, оё яке аз чаҳор усули паноҳандагӣ барои дарёфти ҳуқуқи ҳимояту будубоши паноҳҷӯ дар Олмон қобили татбиқ мебошад ё на.

Ин брошюра шарҳи муҳимтарин усули дарёфти паноҳандагӣ, аз қабили мусоҳибаи фардӣ бо паноҳандагон (Anhörung), марҳилаҳо ва чигунагии қабули қарор (Entscheidungsfindung), барномаҳои ҷории оптимизатсияи расмиёт ва таснифи чораҳои Олмон дар заминаи қаонунҳои аврупоӣ омадааст.

Тафсилоти бештари расмиёт, низомнома ва заминаҳои ҳуқуқӣ, маълумоти ҷорӣ оиди шумори паноҳандагон ва ё таҳқиқот доир ба усули паноҳандагӣ ва ҳимояти паноҳандагонро метавон дар интернет бо суроғаи зер дарёфт намуд: www.bamf.de/asyl+fluechtlingsschutz