Барнома (App) барои занҳои паноҳанда - RefuShe

RefuShe: Барнома барои занҳои паноҳанда - Android

 

Телефони боварӣ (Hilfetelefon) зӯроварӣ нисбати занон

Ин рақами телефон дар сол 365 рӯз, шабонарӯзӣ дар дастрас мебошад: Телефони боварӣ дар ҳолатҳои "Зӯроварӣ нисбати занон" аввалин хидмати машваратии умумифедералӣ барои заноне мебошад, ки мавриди зӯроварӣ қарор гирифтаанд. Тариқи телефони 08000 116 016 ва ё тавассути машварати онлайнӣ метавонанд бевосита шахсони осебдида, инчунин хешовандон, дӯстон ва мутахассисони ёрирасон бе онки аз худ номе баранд, машварати ройгон гиранд. Мушовирони соҳибихтисос ба таври махфӣ дар паҳлӯи ҷабрдидагон ҳастанд ва дар сурати лозимӣ онҳоро дар ҷои будубошашон дастгирӣ намоянд. Инчунин дар ҳолати лозим тарҷумонҳо бо 17 забон  низ дар дастрас мебошанд.

Манбаъ: https://www.hilfetelefon.de/

 

Маркази Машварати занон (Frauenberatung) EN

Маркази Машварати занони Frauenberatung EN ба занон дар мавзӯъҳои зерин тавсияҳо дода, онҳоро дастгирӣ мекунад:

  • Дар вазъиятҳои бӯҳрони шадид (масалан, дар ҳолати фишори равонӣ, ҳолатҳои душвори зиндагӣ, бӯҳронҳои шахсӣ)
  • Зӯроварии хонаводагӣ; зӯроварии ҷинсӣ (sexualisierte Gewalt)
  • Саволҳо дар масъалаҳои ҷудоӣ ва талоқ (Trennung und Scheidung)
  • Машварати иҷтимоӣ (Sozialberatung)/ тамъмини воситаҳои зиндагӣ
  • Масъалаи парастории волидайн ва ҳуқуқи муошират бо кӯдак (Sorge- und Umgangsrecht)
  • Машварат барои занони лесби (масалан ошкор намудан ё ҳолатҳои табъиз дар ҷои кор)
  • Дастгирӣ дар ташкили гурӯҳҳои худёрирасон ва истифодаи мақсадноки имкониятҳои ин марказ

Маркази Машварати занон EN мшваратҳои махсусро дар мавзӯи зӯроварӣ нисбати занон пешниҳод мекунад:

 

  • Шумо шарике доред (бародар, падар, писар, ҳамсар, ҳамҳуҷра ва ғайра), ки нисбати шумо зӯроварӣ кардааст ё шуморо таҳдид кардааст ва шумо инак ниёз ба дастгирӣ доред.                                                                                                                  
  • Шумо мехоҳед минбаъда худ ва фарзандони худро аз зӯроварии муҳофизат кунед!

Ва ё дар ҳолати

  • полис ба наздикӣ пеши шумо буд ва шарики шуморо ба хотири зӯроварӣ аз манзил ронд ва баргаштанашро манъ кард.

Ва ё дар ҳолати

  • Шарики шумо ба зӯроварии ҷисмонӣ даст назадааст, аммо вай шуморо таҳқир ё таҳдид мекунад, ё ба шумо рашки аз ҳад зиёд дорад ва мехоҳад муқаррар кунад, ки бо кӣ ҳақи мулоқот доред ва бо кӣ не, ё шумо ҳис мекунед, ки ӯ шуморо идора карданист.

   Ва ё дар ҳолати

  • шуморо тариқи террори телефонӣ таъқибу таҳдид мекунанд, ба истилоҳ қурбонии "таъқиби телефонӣ " (Stalking) ҳастед?

Тамос

Машварати телефонӣ: сешанбе ва панҷшанбе соати 9:30 - 13:00

Машварати ҳузӯрӣ: бо гирифтани вақти пешакӣ

Суроғаҳо:

Markgrafenstraße 6
58332 Schwelm


  • Телефон: 02336/4759091
    Факс: 02336/4759094
    Почтаи электронӣ: info@frauenberatung-en.de

    Augustastraße 47
    58452 Witten
    Телефон: 02302/52596

  • (Ворид шудан ба ин маркази машваратӣ барои маъюбон бидуни монеа аст)

    Шӯъбаи берун аз ш. Hattingen:

    Bahnhofstraße 31b (Hinterhof)
    45525 Hattingen
    Телефон: 02324 594005

    манбаъ: http://www.frauenberatung-en.de

     

Хадамоти машваратии pro familia

Pro Familia дар масъалаҳои зерин машварат пешниҳод менамояд:

    • Машварат оид ба озмоишу баррасиҳои пеш аз ҳомиладорӣ (vorgeburtlichen Analyse)
    • Банақшагирии пешакии оиладор шудан (Familienplanung)
    • Хизматрасониҳои тиббӣ
    • Машварат дар бораи зиндагии муштарак
    • Машварат бо оилаҳо (Familienberatung)
    • Машварат оид ба буҳронҳои ҳомиладорӣ (Schwangerschaftskonflikten)
    • Машварат доир ба масъалаҳои ҷинсӣ (Sexuelle Beratung)
    • Зӯроварии ҷинсӣ (Sexualisierte Gewalt)
    • Маълумот оид ба масъалаҳои ҷинсӣ (Sexuelle Aufklärung)
    • Шарҳи қонунҳои иҷтимоӣ ва оила (Sozial- und Familienrecht)
    • Машварат оид ба озмоишу баррасиҳои пеш аз ҳомиладорӣ
    • Маълумот оид ба пешгирӣ аз ҳомиладорӣ (Empfängnisverhütung)
    • Маълумот оид ба тенопаузаи занон (Wechseljahre)

 

Тамос

Шӯъбаи мушовираи ш. Schwelm
Wilhelmstr. 45
58332 Schwelm

Телефон: 02336/443640
Факс: 02336/4436420

Почтаи электронӣ: en-suedkreis@profamilia.de  

Реҷаи корӣ: душанбе то ҷумъа, соати: 8.00 - 12.00 ва Душанбе то чоршанбе 15.00 - 18.00
Соатҳои тамоси телефонӣ барои наврасон: чоршанбе, соати:   14.00 - 15.00

 

Манбаъ:http://www.profamilia.de/angebote-vor-ort/nordrhein-westfalen/schwelm.html

 

Телефони ёрӣ (Hilfetelefon) барои занони ҳомила

Телефони изтирории кӯмак ба занони ҳомиладор, телефон: 0800/4040020 (зангҳо ройгон мебошанд)

 

Созмони Caritas - машварати занҳои ҳомиладор (Schwangerenberatung)

Die Schwangerenberatung der Caritas hilft in folgenden Bereichen:

  • Пешниҳоди маълумот, машварат ва ҳамроҳӣ пеш аз ҳомиладорӣ, дар рафти ҳомиладорӣ ва пас аз таваллуди тифл то соли даврони се-солагӣ
  • Машварат дар ҳолатҳои муноқиша (Konfliktberatung) бидуни тартиби нусхаи машварат (Beratungsnachweis)
  • Маслиҳат ва кӯмаки доимӣ
  • Ҳамкории ҳамаҷониба дар алоқамандӣ бо парванда
  • Дастгирӣ ва кӯмак дар иҷрои талабот
  • Кӯмаки саривақтӣ
  • Маслиҳату машварат оид ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ
  • Дастгирии пас аз исқоти ҳамл (Schwangerschaftsabbruch)
  • Машваратҳои самаранок оиди нақшаҳои ҳаётӣ, аз ҷумла дурнамои касбу кор.

Тамос:

Melanie Becker-Ostendorf
Sabine Niespor

Созмони Caritas-и шаҳри Hattingen
Bahnhofstr. 23
45525 Hattingen
Телефон: 02324/23813
Факс: 02324/21051
Почтаи электронӣ: beratung@caritas-hattingen.de

Шӯъбаи мушовираи ш. Sprockhövel

ҳар 1-ум ва 3-юм панҷшанбеи моҳ аз соати 10:00 то 16:00

Сурога: Von-Galen-Str. 7
45549 Sprockhövel
Телефон: 02324/77474

 

Angelika Beck

Созмони Caritas дар шаҳри Schwelm
August-Bendler-Str. 14
58332 Schwelm
Телефон: 02336/82043
Факс: 02336/15252
Почтаи электронӣ: info@caritas-schwelm.de

Манбаъ: http://www.caritas-schwelm.de/index.php?id=109

 

 

Маълумот оид ба навзодон

Аломатҳои як навзод (Signale des Babys)