Истифодаи автобус ва қаторҳои мусофирбар

Чиптаи иҷтимоӣ (Sozialticket)

Бо доштани чиптаи иҷтимоӣ шумо метавонед ба ҳамаи автобусҳо, ҳамаи навъи қаторҳо S-Bahn, RE-Bahn, RE-Bahn, ба трамвай ва метро дар тамоми минтақаи Ennepe-Ruhr-Kreis савор шавед. Ба минтақаи зикршуда шаҳрҳои Breckerfeld, Ennepetal, Gevelsberg, Hattingen, Herdecke, Schwelm, Sprockhövel, Wetter (Ruhr) ва Witten дохил мешаванд.

Бо доштани ин чипта шумо метавонед дар ватҳои зерин ҳадди аксар 3 кӯдакро низ ба таври ройгон бо худ гиред: рӯзҳои душанбе то ҷумъа баъди соати 19.00, рӯзҳои шанбе ва якшанбе шабонрӯзӣ инчунин рӯзҳои 24-ум ва 31-уми декабри сол.

Нархи ин чипта: € 38.65 моҳона | сатҳи нарх (Preisstufe): PK

 

Барои дарёфти ин чипта ба идораи ҳифзи иҷтимоӣ (Spzialamt - Rathaus, Rathausplatz 4, 45549 Sprockhövel), Frau Nachtigall ариза додан лозим мебошад. Бо дарёфти иҷозатнома, чиптаро масалан аз дӯкони автовокзали Busbahnhof Haßlinghausen харидан мумкин аст.

 

Чиптаи иловагӣ (Zusatzticket)

Бо чиптаи иловагӣ шумо метавонед дар тамоми минтақаи VRR нақлиёти ҷамъиятиро истифода баред, масалан ба шаҳрҳои Bochum, Dortmund, Düsseldorf, Hagen ва ... сафар намоед.

Нарх: 3,40 €/як маротиба | нархи чиптаи 4 нафара: 12,20 € (евро)

Нуқтаҳои фурӯш: Маркази муштариёни VRR, нуқтаҳои сифориши пешакӣ, инчунин дар бисёр автобусҳо, трамвайҳо ва автоматҳои чиптафурӯшӣ (Ticketautomaten).

 

Чиптаи ягона (Einzelfahrschein)

Ин намуди чиптаҳоро (барои сафарҳои яккарата ё бисёркарата) аз автоматҳои чиптафурӯшӣ, дар марказҳои чиптафурӯшии Deutsche Bahn ва дар киоскҳои назди вокзалҳо харидорӣ намудан мумкин аст. Дар автобусҳо бошад метавон бевосита ба ронандаи автобус пардохт кард.

ДИҚҚАТ: Чиптаҳои ягона танҳо дар сурате эътибор доранд, ки дар дастгоҳи компост кайд шуда бошанд (entwertet). Агар дар ин чипта сана ва вақт чоп нашуда бошад, чипта бояд дар валидатори чипта мӯҳр карда шавад (сана ва вақт чоп карда мешавад). Дастгоҳҳои (компост) тасдиқкунандаи чиптаҳоро (Ticketentwerter) дар платформаҳо, автобусҳо ва трамвайҳо ёфтан мумкин аст.

 

Ҷадвали хатсайрҳо (Fahrpläne)

 

Масофаҳои дур | Сафарҳои дарозмуддат

Сафарҳои дурудароз, масалан, то Берлин, Мюнхен, Гамбург, ..., метавонанд тавассути автобусҳо арзонтар бошанд. Сафар бо автобусҳои байнишаҳрӣ (Fernbusse) нисбат бо қатора арзонтар мебошанд.

 

Қоидаҳои асосии ҳаракат дар роҳ

Қоидаҳои муҳимми ҳаракат дар роҳ (Straßenverkehrs)

 

Кушодани ҳисоби бонкӣ

Барои кушодани суратҳисоб дар бонк, ба шумо ҳуҷати расмии тасдиқи шахсият(Identitätsnachweis) (иҷозати истиқомати муваққат (Aufenthaltsgestattung), ҳуҷати дулдунг (Duldung), ...) дорои мӯҳр ва имзои дафтари муҳоҷират лозим аст. 

Баъзе бонкҳо ва шпаркассаҳо инчунин ҳуҷҷатҳои қайди истиқоматро (Wohnsitznachweis) талаб мекунанд.

Бонкҳо барои ингуна суратҳисоб моҳона маблаги муаянеро меситонанд. Масалан, дар Sparkasse Sprockhövel ҳаққи ҳисоб (Kontogebühren) дар моҳ 9,90 евроро ташкил медиҳад. Ҳисоб дар Volksbank бошад дар моҳ тақрибан 8 евро аст.

Бо доштани ҳисоби асосӣ (Basiskonto) интиқолҳо (Überweisungen) ва фармоишҳои доимӣ (Daueraufträge) гузаронида шуда, метавон пулҳоро дарёфту пардохт кард. Имкони дарёфти кредит (Dispokredit) вуҷуд надорад. Пас, аз маблаги дар ҳисоббуда бештар дарёфт кардан мумкин нест.

 

Ҳисоб барои шахсони то 27-сола дар давраи касбомӯзӣ (Ausgebildete) ройгон аст.

Шартномаи давраи касбомӯзӣ (Ausbildungsvertrag) бояд ба Sparkasse нишон дода шавад.