Ҷамъомаду вохӯриҳо барои занон, мардон ва оилаҳо
Қаҳва бо якдигар (Café MITeinander) - қаҳвахонаи оилавӣ
Панҷшанбеҳо соати 16:30 - 19:00
Суроға: Толори калисои евангелӣ (Evangelisches Gemeindehaus)
Perthes-Ring 18, 45549 Sprockhövel
Вохурии занон
Ҷумъаҳо соати 9:30 - 11:30
Суроға: MachMit, Mittelstrasse 67, 45549 Sprockhövel
Вохӯрии мардон
Ҷумъаҳо соати соати 20.00
Суроға: MachMit, Mittelstrasse 67, 45549
Кафеи таъмир - Repair Café
Инҷо метавон асбобҳои шикастаи рӯзғорро таъмир намуда, инчунин қаҳва ва тортҳои болаззатро низ майл намуд.
Якумин шанбеи ҳар моҳ, соати 14 - 17
Суроға: Маркази ҷавонони Niedersprockhövel,
Eickerstraße 23, 45549 Sprockhövel
Хӯрокпазии дастаҷамъона - Kochtreff
Якҷоя хӯрок пӯхта, бо ҳамдигар мехӯрем.
Ҷумъаҳо, соати: 17.30 – 21.00
Суроға: MachMit, Mittelstraße 67, 45549 Sprockhövel
Барои номнавис ба Мирям муроҷиат намоед.
Маблағи иштирок: 3 Евро/барои хӯрок
Саргармиҳои дастаҷамъона - Spieletreff
Бозиҳои якҷоя бо кортҳо ва дигар саргармиҳои дастаҷамъона барои навҷавонону калонсолон.
Чорумин якшанбеи ҳар моҳ, соати 16.00 – 19.00
Суроға: MachMit, Mittelstraße 67, 45549 Sprockhövel
Дӯзандагии дастаҷамъона - Nähtreff
Офаридани зебоӣ ва самаранокӣ бо мошинаҳои дӯзандагӣ
Дуюм ва чорум шанбеи ҳар моҳ, соати 13.00 – 16.00
Суроға: MachMit Mittelstraße 67, 45549 Sprockhövel
Рассомии дастаҷамъона - Maltreff
Рассомӣ ва тасвир намудани расмҳои зебо барои навҷавонону калонсолон
Рӯзҳои душанбе, соати 16.00 – 18.00
Суроға: MachMit, Mittelstraße 67, 45549 Sprockhövel
Соати эҷодӣ - Kreativtreff
Сохтан ва эҷоди декоратсияҳои зебо барои ҳама.
Дуюмин якшанбеи ҳар моҳ, соати 15.00 – 17.00
Суроға: MachMit, Mittelstr. 67, 45549 Sprockhövel
Соати ороиш ва зебогӣ - Schminktreff
Ороиш намудани чеҳра, бастани ҳане ва ислоҳи мӯйҳо ва ғайра.
Сеюм якшанбеи ҳар моҳ, соати 15.00 – 18.00
Суроға: MachMit, Mittelstraße 67, 45549 Sprockhövel
Дидорҳои фарҳангӣ - Kulturkucker
Дидори якҷоя аз консертҳо, фестивалҳо ва намоишгоҳҳо.
Вақти мулоқотҳо гуногун мебошад.
Макони вохӯрӣ: MachMit, Mittelstraße 67, 45549 Sprockhövel
Барои номнавис ба Мирям муроҷиат намоед.
Бозии якҷояи “Kegel” - Kegeltreff
Бозии олмонии “Kegel” барои навҷавонону калонсолон
Сеюм шанбеи ҳар моҳ, соати 18.00 – 21.00
Суроға: Rainbowpark, Dönberger Str. 70, 42111 Wuppertal
Макони мулоқоти пешакӣ: MachMit, Mittelstraße 67, 45549 Sprockhövel
Барои номнавис ба Мирям муроҷиат намоед.
Anmeldung bei Miriam
Дучархасавории гурӯҳӣ - Fahrradtreff
Турҳои дучархасавории дастаҷамъона.
Замони мулоқотҳо охири ҳафтаҳо буда тағир меёбанд.
Барои номнавис ба Мирям муроҷиат намоед.
Омӯзиши рақси дугона - Paartanzkurs
Рақси дугона бо партнер - рақс бо услубҳои гуногунро ёд гиред.
Душанбе: 20:00-21:30
Суроға: Katholisches Gemeindehaus, Von-Galen-Straße 7, 45549 Sprockhövel
Машқи Ёга - Yoga
Тамрини якҷояи ёга
Рӯзҳои чоршанбе, соати 19.30 – 21.00
Суроға: Evangelisches Gemeindehaus, Perthes-Ring 18, 45549 Sprockhövel
Варзиш бо узвият дар иттиҳодия - Sport im Verein
Варзиш бо узвият дар иттиҳодияҳои варзишӣ монанди футбол, волейбол, баскетбол, давидан ва ғайра.
Барои номнавис ба Beate Vohwinkel муроҷиат намоед.
Телефон: 02324/ 3447583, почтаи электронӣ: beate.vohwinkel@gmx.de
Асбобҳои мусиқӣ/таълими мусиқӣ
Мактаби мусиқии шаҳри Sprockhövel ба кӯдакону наврасон ва калонсолон доираи васеъи дарсҳо ва имкониятҳои васеъро барои эҷоду навохтани мусиқӣ фароҳам овардааст. Услубҳои мусиқӣ гуногун буда, аз классикӣ то рок, поп ва фолклорро низ дар бар мегирад.
Суроғаи бинои омӯзишгоҳи мусиқӣ:
Хонаи фарҳанги Haßlinghausen (Kulturhaus), ошёнаи 2-ум, Gevelsberger Str. 13, 45549 Sprockhövel
Соатҳои корӣ ва номнавис намудан:
Душанбе, сешанбе, чоршанбе 8.00 - 12.00 ва 13.00 - 15.00
Панҷшанбеҳо: дар ҳоли ҳозир баргузор намегардад.
Ҷумъаҳо: 8.00 - 12.00
Вақтҳои мулоқоти дигар тибқи маслиҳати пешакӣ.
Ҳуҷҷатҳои лозим барои номнавис намудан:
- Ҳуҷҷати шиносоӣ (Ausweis)
- Огоҳиномаи дарёфти имтиёзҳо тибқи Қонуни Имтиёзи Паноҳандагон (Asylbewerberleistungsgesetz) ва ё SGB II ё SGB XII
Телефон: 0 23 39 / 12 67 13
Факс: 0 23 39 / 12 67 10
Почтаи электронӣ:: musikschule@sprockhoevel.de
Китобхонаи шаҳр – иҷораи китобҳо, дискҳо ва филмҳо
Дар китобхонаи шаҳри Sprockhövel метавон тақрибан 35.000 нусха китоб, радио, диск ва филмҳои гуногунро иҷора гирифт. Инчунин онҷо дастрасӣ ба интернет аз тариқи компютер имконпазир мебошад. Ба хотири онки китобхонаҳо муассисаҳои давлатӣ ва умумӣ ба ҳисоб мераванд, тамоми сокинони шаҳри Sprockhövel ба ин марказ дастрасӣ доранд.
Китобхонаи шаҳри Haßlinghausen:
Суроғаи шуъбаи китобхонаи Haßlinghausen, Gevelsberger Straße 13, 45549 Sprockhövel, Телефон: 02339/126711 Факс: 02339/126718
Соатҳои корӣ:
Душанбе ва шанбе: кор намекунад
Сешанбе: 10:00-13:00 ва 15:00-18:00
Панҷшанбе: 10:00-13:00
Чоршанбе ва Ҷумъа: 15:00-18:00
Китобхонаи шаҳри Niedersprockhövel:
Суроғаи шуъбаи китобхонаи Niedersprockhövel, Hauptstraße 6, 45549 Sprockhövel, Tel.: 02324/9705430
Соатҳои корӣ:
Душанбе ва шанбе: кор намекунад
Сешанбе, чоршанбе ва панҷшанбе: 15:00-18:00
Ҷумъа: 10:00-12:00